"Дилам ба нашрияҳое месӯзад, ки соатҳо дар берун меистанду зард мешаванд" ВИДЕО
     TJ RU EN
09:40 / 2024-11-16

"Дилам ба нашрияҳое месӯзад, ки соатҳо дар берун меистанду зард мешаванд" ВИДЕО

Рӯзи 11-уми март дар Тоҷикистон иди матбуотро ҷашн гирифтанд, ки чанд сол боз вазъияти нохуберо паси сар мекунад. Чанде аз нашрияҳо аз кор монда, бархе аз хабарнигорон дар хориҷа паноҳанда шудаанд. Соҳибони нашрияҳо аз чоп мондани рӯзномаҳои озодро ба фишори мақомот рабт медиҳанд. Мақомот мегӯянд, ки онҳо ба сабаби мушкили молӣ баста шудаанд. Дар ин рӯз аз кору зиндагии як рӯзноманфурӯз гузориши видеоӣ омода кардем.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: Хурсанд шудам, ки 12 нашрия харид, аммо, гуфт себ мепечонам"

Бадахшон Зардакова хабарнигор аст ва 8 моҳ пеш дар маркази шаҳри Бохтар дӯкони нашрияфурӯшӣ кушод, то ба қавли худаш дар боло бурдани фарҳанги ҷомеа саҳм бигузорад, аммо ҳоло маъюсу дилсард шудааст.

"Ба хулосае омадам, ки дӯконро бандам. Дилам ба газетаҳое, ки дар берун мегузорам ва соатҳо меистанду зард мешаванд, месӯзад. Дилам ба матбуот месӯзад, дилам ба фарҳанги мо месӯзад”, -- гуфт ӯ рӯзи 11-уми март ба Радиои Озодӣ.

Дӯконро дар назди Коллеҷи омӯзгорӣ кушод, бо ин андеша, ки мизоҷонаш зиёд хоҳанд буд, аммо мегӯяд, "ҳатто муаллимон ҳам ба дӯкон наздик намешаванд".

"Як нафар омад, 10-12 нашрия пурсид. Бениҳоят хурсанд шуда ва гуфтам, ки бачаҷон ин газетаҳоро мехонед? Гуфт, ки мебарам ва себ мепечонам", -- нақл кард ӯ.

Интернет ва нашри ҳама хабарҳо дар он дар ҳамаҷо бозори нашрияҳои чопиро касод кардааст, вале набуди матолиби хонданӣ ҳам як сабаби бехаридор мондани рӯзномаҳо будааст.

Бехаридор мондани нашрияҳо на танҳо хоси Бохтар, балки тамоми Тоҷикистон аст, чун солҳои ахир ба сабаби фишору таҳдиди мақомот ба хабарнигорон, бисёре аз онҳо аз инъикоси мушкилоти ҷомеа метарсанд.

Ҳамин мушкилот дар остонаи Рӯзи матбуот дар Тоҷикистон дар як нишасте дар Хатлон баррасӣ шуд. Мушкилоте, ки ба қавли хабарнигорон ҳар сол ба он душвориҳои дигар зам мешаванд.

Гузоришро дар Ютюб бинед: Таҷлили Рӯзи матбуот дар Тоҷикистон

https://www.ozodi.org/a/press-day-in-tajikistan/30481933.html


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима